Дар Туркманистон 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии кишвари иқомат чорабинӣ баргузор кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъкид намуд, ки Конститутсияе, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат ва гувоҳномаи давлати озод аст.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ва ба заминаи ҳуқуқии бунёдии давлати озоди тоҷикон ва шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ табдил додани Конститутсия саҳми беназир доранд.
30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони озод неруи тоза мебахшад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон








Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд






