Дар вилояти Хатлон аз ҷониби Ширкати «Алмос-Неру» корхонаи коркарди мева бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати «Алмос-Неру»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон корхонаи мева, афшура ва хушконидани он бунёд мегардад. Корхона дар марҳилаи аввал 7 навъи маҳсулот истеҳсол менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
19 ноябр зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони якчанд корхонаи истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дода шуд, ки бо фаъол гардидани ин корхона беш аз 500 нафар занон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Вилояти Хатлон дар соҳаи боғдорию сабзавоткорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мавқеи намоён дошта, даҳҳо номгӯй маҳсулоти кишоварзии он дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ низ содирот мегардад.
Дар вилояти Хатлон беш аз 45 ҳазор гектар боғот мавҷуд мебошанд. Кишоварзон бо истифода аз таҷриба ва имконоти мавҷуда майдони боғотро сол аз сол бештар менамоянд. Ин омил ба таъмини бозори дохилӣ ва содироти ин маҳсулоти ватанӣ таъсири назаррас мерасонад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






