Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд

Ноябрь 25, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни ҷаласа ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин академия.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар доираи ин барнома иҷро гардид, ин танзими раванди таълим дар зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантураи PhD мебошад. Барои дар сатҳи баланд тайёр намудани кадрҳои баланди илмӣ қаблан бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии  танзимкунандаи ин самт омода ва пешниҳод гарданд.

Таъкид шуд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ба баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасонии илмиву таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.

Барнома соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз 16 банд иборат аст. Иҷрои 12 банди он ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шудааст.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад