Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни ҷаласа ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин академия.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар доираи ин барнома иҷро гардид, ин танзими раванди таълим дар зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантураи PhD мебошад. Барои дар сатҳи баланд тайёр намудани кадрҳои баланди илмӣ қаблан бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин самт омода ва пешниҳод гарданд.
Таъкид шуд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ба баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасонии илмиву таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.
Барнома соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз 16 банд иборат аст. Иҷрои 12 банди он ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шудааст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






