Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Абдулло Алӣ ал-Яҳё мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайтро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ва татбиқи саривақтии натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Давлати Кувайт таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд






