Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид

Ноябрь 18, 2024 16:27

ДУШАНБЕ, 18.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр филми ҳунарии «Дов»-и истеҳсоли Тоҷикистон дар Кинофестивали байналмилалии XVI «Северный характер» дар шаҳри Мурмански Федератсияи Русия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар киностудияи «Довфилм» хабар доданд.

Дар ин кинофестивал филми ҳунарии «Дов» ҷоизаи байналмилалии 25-умро ба даст овард.

Ба  Кумитаи тадорукоти фестивал  барои  300 филм дархост пешниҳод шуд, ки аз байни онҳо 77 филми 15 давлати дунё дар номинатсияҳои гуногун интихоб гардид.

Филмҳое, ки дар ин кинофестивал ғолиб омадаанд, дар аксар шаҳрҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Арманистон, Норвегия, Шветсия ва Финландия намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин пагоҳ, 19 ноябр дар кинотеатри «delphiLUX»-и шаҳри Берлин филми ҳунарии «Дов» дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Оянда аз имрӯз-Осиёи Марказӣ» намоиш дода мешавад. Ин филмро дар Берлин коргардон Муҳиддини Музаффар муаррифӣ менамояд.

Филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро инъикос намуда, рӯзгори пурпечутоби ду дӯсти ҳақиқӣ ва ҳаёти одамони боистеъдоди зиёии музофотро ба тамошобинон намоиш медиҳад.

Ҳирси молу дунё дӯстонро аз ҳам ҷудо месозад ва риштаи рафоқат байни онҳо канда шуда, ҷойи онро нафрату адоват мегирад.

Иҷрокунандаи нақши Қаҳҳор дар филм Абдумуъмин Шарифӣ иброз медорад, ки соли 2023 дар шаҳри Оренбурги Федератсияи  Русия филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи 16-уми байналмиллалии синамоии «Шарқ ва Ғарб» (Восток и Запад) иштирок намуд ва сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҷашнвора» гардид.

«Вақти ҷоизасупорӣ як узви ҳайати доварон Ирина Климова иброз дошт, ки ман аз масъулини филми «Дов» хоҳиш менамоям, ки нусхаи ин филмро ба ман диҳанд, то имконияти ба писарам ва наздиконам нишон додани онро дошта бошам. Мехоҳам онҳо аз суннат, рисолату қонунҳо ва арзишҳои муҳими инсонӣ дур нашаванд…!»,-иброз медорад иҷрокунандаи нақши асосии филми «Дов» Абдулмуъмин Шарифӣ.

Ёдовар мешавем, ки филми «Дов» нахустин лоиҳаи муштараки «Суғдсинамо» бо «Тоҷикфилм» аст. Филм 117 дақиқа буда, соли 2022 истеҳсол гардидааст.

АКС: Киностудияи «Довфилм»

Ноябрь 18, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад