ФОРУМИ ДАҲУМИ МИЛЛӢ ОИД БА ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон аст

Ноябрь 1, 2024 15:57

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди давлати ҳуқуқбунёд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат фарҳанги баланди ҳуқуқӣ талаб мекунад, ки бе он арзишҳо ва принсипҳои асосии ҳаёти ҷомеа, аз қабили волоияти қонун, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, таъмини ҳифзи боэътимоди манфиатҳои ҷамъиятӣ пурра амалӣ намегарданд. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки аз ҳуқуқҳояш истифода карда, уҳдадориҳоро иҷро намояд, маҳдудияти дар қонунгузорӣ муайяншударо риоя кунад, инчунин оқибатҳои ҳуқуқии амалҳояшро дарк намояд. Чунин изҳор дошт Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён имрӯз дар Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ба таъкиди ӯ, қобилияти шаҳрвандон оид ба истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва итоат ба қонун мусоидат менамояд. Чунин шуури ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки арзиши бунёдии қонун ҳамчун падидаи зарурӣ ва самараноки иҷтимоӣ баланд бардошта шавад.

Дар Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун намояндагони вазоратҳои адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, доираҳои васеи илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамъ 400 нафар иштирок намуданд.

Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дошта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз соли 1991 то соли 2024 қабул шудаанд, дастрас гардида, рақамикунонӣ шуданд. Ин санадҳо ба платформаи электронии нави Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» ворид карда шуданд.

Дар айни замон Махзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқии «Адлия» дар ду шакл ба шаҳрвандон дастрас мебошад. Офф-лайн платформа, яъне насби локалӣ дар компютерҳои фардӣ ва веб-лайн платформа, яъне тавассути ворид шудан ба сомонаи махзан бо истифодаи аз компютер ва планшет. Инчунин рӯзҳои наздик нармафзори мобилии ин махзан ба ҳамагон дастрас мегардад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода баён дошт, ки «дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ- ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад».

Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳама тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода намоянд. Ҳамчунин қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд.

Таъкид карда шуд, ки Конститутсия дар баробари танзими дигар мас­­ъалаҳои муҳими давлатӣ, ба ташаккул, рушд ва таҳкими ни­зоми ҳуқуқӣ низ роҳи васеъ кушода, сиёсати ҳуқуқӣ, шак­ли ҳуқуқӣ ва фаъо­лияти ҳуқуқэҷодкуниро ба ху­сусияти соҳибихтиёрӣ, демокративу ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат комилан мувофиқ пешбинӣ намуд.

Волоияти қонун аз фаъолияти самараноки тамоми мақомоти давлатӣ, хусусан ҳокимияти судӣ вобастагии зич дошта, маҳз бо ин мақсад барои таҳкими минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти мусоидаткунанда дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилот бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар мамлакат барои солҳои 2007-2010, солҳои 2011-2013, солҳои 2015-2017, солҳои 2019-2021 қабул ва иҷро гардида, Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон барои солҳои 2023-2027 амалӣ мегардад.

Ташаббускорони форум мақсади баргузории форумро муайян намудани мушкилот ва душвориҳое, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯйи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххас бо мақсади таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун унвон намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Форуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Тоҷикистон минбари мувофиқ ва самаранок барои вусъат додани ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардида, ба рушд ва таҳким бахшидани қонгузории мамлакат, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, дарёфти роҳу усулҳои муосири инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва ташкили муколамаҳои муштарак мусоидат менамояд.

Дар форум давоми рӯз мавзуъҳо оид ба «Рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ ва танзими ҳуқуқии он: адлияи рақамӣ ва ҳамоҳангии байниидоравӣ», «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун омили пешгирии терроризм ва экстремизм: дастовард, мушкилот ва дурнамо» ва дигар мавзуъҳо муҳокима мегарданд.

Ҳамзамон дар натиҷаи муҳокимарониҳо дар анҷоми форум тавсияҳо қабул гардида, ба мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол карда мешаванд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 1, 2024 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд