Форуми минтақавӣ оид ба коҳиш додани партовҳои пластикӣ ва моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби пластик доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7-9 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби пластик ва машварати байналмилалӣ оид ба партовҳои пластикӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори форум ва машварат намояндагони котиботи Конвенсияи Базел, Роттердам ва Стокголм, намояндагони идораҳои муҳити зисти зиёда аз 20 давлат, мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, кишварҳои татбиқкунандаи лоиҳаи «Партовҳои пластикӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст» ва мутахассисони хориҷӣ табодули афкор намуданд.
Вобаста ба ҳолати татбиқи лоиҳа, муҳимияти идоракунӣ ва коҳиш додани партовҳои пластикӣ ва моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби пластик иштирокчиён рӯнамо манзур карданд.
Дар Тоҷикистон чунин форум маротибаи нахустин баргузор шуда, метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ дар самти идоракунии партовҳои пластикӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






