«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар озмун хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Тибқи низомнома, аз 7 то 10 ноябр гурӯҳи якум, яъне хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) байни ҳам донишозмоӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Яке аз иштирокчиёни озмун хонандаи синфи 3-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод Самира Парвиззода мебошад. Ӯ дар ин озмун аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир иштирок дорад.
Ин иштирокчии наврас новобаста аз синн китобҳои зиёде мутолиа намудааст. Тавре ӯ баён дошт, вақти зиёди худро дар китобхона сипарӣ менамояд. Зеро китобхона махзане аст, ки ба шахс илму адаб меомӯзад.
«Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ ва донишу масъалаҳои нав ба нав меомӯзонад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари мамлакат ин озмун доир гардида, наврасону ҷавононро бештар ба мутолиаи китоб ташвиқ менамояд»,-мегӯяд ӯ.
Самира Парвиззода иброз медорад, ки озмун шавқу рағбаташро ба мутолиаи китоб бештар намудааст. «Хушнуд аз он ҳастам, ки дар чунин мамлакати зебо зиндагӣ мекунам ва бо ташаббуси Сарвари давлат барои хурдсолон тамоми шароит барои таҳсил муҳайё гардидааст. Аз имконияти фароҳамоварда истифода бурда, бо тайёрии хуб омадам ва ба саволҳои аъзои ҳакамон боэътимод посух додам. Онҳо дар доираи маводи пешниҳодгардида савол доданд», — мегӯяд ӯ.
Тавре Самира иброз дошт, барои иштирок дар озмун муаллимааш Малика Ҳамроқулова ӯро роҳнамоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.
Дар даври ниҳоии он 574 довталаб иштирок доранд. Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 нафар, дар даври дуюми он 49 ҳазору 267 нафар, дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуданд. Дар даври сеюми озмун аз шаҳри Душанбе 458 нафар, аз вилояти Суғд 1330 нафар, аз вилояти Хатлон 1130 нафар, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 373 нафар ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 451 нафар иштирок намуда, аз ин шумора ба даври чоруми озмун 574 нафар роҳ ёфт.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт






