ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад

Ноябрь 16, 2024 08:23

ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдод ва бузургтарин асолати таърихӣ дар замони давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб шуда, тақдири ояндаи давлату миллат ба он вобаста гардид ва барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пойдор намудани адолату қонуният мусоидат намуд. Асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ нақши муайянкунанда дорад. Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ баргузор шуда, ба давлатдории миллӣ замина гузошт. Яъне,  низоми имрӯзаи давлатдорӣ – демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз ҳамин иҷлосия ибтидо мегирад.

Воқеан ҳам, Иҷлосияи таърихию сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва таҳкурсии давлатдории миллӣ, рушди муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам овард ва ба ташаккули ҳар соҳа дар алоҳидагӣ мусоидат намуд. Иҷлосия дар пойдории сохт ва низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, қонуният ва рушди қонунгузории миллии мамлакат нақши барҷаста ва муассир гузошт. Яке аз вазифаҳои муҳим дар он солҳо барқарории сулҳу ваҳдат маҳсуб мешуд, ки Тоҷикистонро ба Ваҳдати миллии мутлақ расонд. Арзишҳои сиёсӣ, маданӣ ва давлатдории миллӣ натиҷаи ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсози Шурои Олӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд масири давлати миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ муайян намуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устуворе ҷониби иттиҳоду ҳамбастагии тамоми миллатҳо ва халқиятҳои сокини мамлакат ва шаҳрвандони он буд. Ин давра барои барои тоҷикон хеле ҳассос ва сарнавиштсоз маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид доштаанд: «Иҷлосияи шонздаҳум имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии ягонаи мустақил ҳифз карда шавад».

Дар ин иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Раиси Шурои Олӣ дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадӣ таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад. Ҳукумати Тоҷикистон тавонист садҳо манзили вайрону харобгашта, мактабу биноҳои маъмурӣ, пулҳо ва иншооти дигари осебдидаро бо азму талоши мардуми созандаву ободкор таъмир ва барқарор намояд. Иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлат дар мавриди музокироти сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани артиш ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, халъи силоҳ намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ  боварии ҳамагонро ба ояндаи нек қавӣ гардонд. Дар ин ҷо бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ воситаву абзори мутлақи таъмини амнияти миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ гардид.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин Роҳбари давлат интихоб гардиданд ва аз рӯзҳои нахустин дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ роҳеро пеш гирифтанд, ки тавассути он қадам ба қадам мамлакатро аз ҳолати буҳронӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ берун оварда, ба маҷрои сулҳу ваҳдат ва пешрафт роҳнамоӣ намуданд. Дар он шабу рӯз роҳбарияти Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии ҷумҳурӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз намуд.

Сарвари давлат барои таъмини амнияти давлату миллат имтиёзҳои имконпазирро кафолат доданд ва бори дигар собит намуданд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон тарафдори сулҳу осоиш аст, барои сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Муҳаққиқон дар мавриди кору пайкор, созандагиву ободкорӣ, талошу муборизаҳо барои истиқлол, бедории сиёсӣ ва худшиносии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид медоранд: «Сарвари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод мекунанд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷиа ба талошу муборизаҳо барои истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Маҳз бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт».

Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъйин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа гардид, рӯи кор овард. Дар ин иҷлосия ба Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати Сарвари давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон вогузор гардид. Ҳадафи калидии сиёсии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таъмини ҳаёти осоиштаи мардум ва рушду ташаккули давлатдории миллӣ маҳсуб мешуд, ки дар муддати начандон мадид ваҳдату ягонагии миллати тоҷик ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ таъмин гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои сиёсии замони нав мебошанд, ки дар ҳалли қазияи пешгирии оқибатҳои нохуби таҳмили фарҳанги ғайр, масъалаи низоми идора ва ташаккули сохти давлати демократӣ, ҳимояи манфиатҳои мардуми ҷумҳурӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ мусоидат намуда, дар ҳифз ва таъмини табақаҳои ниёзманди иҷтимоӣ мақоми назаррас доранд.

 Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 16, 2024 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид