ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Парҳез кардан- муборизаи асосӣ бар зидди ин беморӣ аст
ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд дониста мешавад. Тибқи таҳлилҳои коршиносон, дар ҷаҳон гирифторони бемории диабети қанд сол ба сол меафзояд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ҳазор гирифтори диабети қанд сабт шудааст, ки бештари он навъи дуюми ин беморӣ мебошад.
Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба нишонаҳо, омилҳои гирифторӣ ва пешгирии ин беморӣ бо табиби эндокринолог, директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Саъдуллозода ҳамсуҳбат гардид.
Ба андешаи мутахассисон, диабет гурӯҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаҳои моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос буда, дар натиҷа иллати тарашшуҳи нисбӣ ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷа тағйирёбии мубодилаи моддаҳо дар ғадуд ба амал омада, он сабаби вайроншавии вазифаи раг ва торҳои асаб мегардад.
Бемории диабети қанд ду навъ мешавад: диабети қанди навъи 1 — беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва дар натиҷаи ин ба бадани бемор доруи инсулин гузарондан зарур меояд. Диабети қанди навъи 2 — беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва ин беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хунаш дору истеъмол намояд ё бо таъйиноти духтур ба баданаш доруи инсулин гузаронад.
Тоҳир Саъдуллозода иброз дошт, ки дар ҷаҳон гирифторшавии инсонҳо ба навъи якуми ин беморӣ тақрибан 10 фоизро ташкил медиҳад. Беш аз 90 фоизи беморон гирифтори навъи дуюми он мебошанд.
«Навъи дуюми ин беморӣ чунин хусусият дорад, ки инсон гирифтори бемории диабети қанд буданашро танҳо давоми 4 ё 7 сол- баъди муайян шудани оризаҳо ва ташхис мефаҳмад»,-афзуд табиб.
Ба гурӯҳи диабети қанди ба инсулин вобаста асосан кӯдакони навзод ва наврасону ҷавонони то 30-35-сола гирифтор мешаванд. Чунки бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи ин гуна беморон инсулин ҳосил намекунад ё ҳосилнокиашон хеле кам аст, ки миқдори муайяни қандро ба ҳуҷайраҳо расонида наметавонад. Дар ин ҳолат қанди хун зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз онҳо ба инсулин вобаста мешаванд. Бетаҳуҷайраи ғадуди зери меъдаи беморони диабети қанде, ки ба инсулин вобаста нестанд, инсулин ҳосил менамояд, аммо дар чунин беморон инсулин вазифаи худро иҷро карда наметавонад. Ба ин гурӯҳ шахсони аз 40-45-сола боло гирифтор мешаванд.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки омилҳои гирифтор шудан ба бемории диабети қанд хеле зиёд мебошанд. Ин беморӣ ирсӣ низ мебошад. Яъне бемории диабети қанд- ин бемории генетикие аст, ки аз насл ба насл мегузарад. Омилҳои дигар ҳолатҳои зиёди стресс, қабули аз меъёр зиёди хӯрок ва камҳаракатӣ мебошанд.
Нишонаҳои аввалини беморӣ- хушк шудани даҳон, ташнагӣ–яъне талабот ба обнӯшӣ зиёд шуда, пешоб низ меафзояд. Нишонаҳои дигар-нозук шудан ва афтидани дандонҳо, дер шифо ёфтани захмҳо ва ғайра мебошанд. Бояд дар хотир дошт, ки бемории диабети қанди навъи дуюм метавонад бе аломат пайдо шавад. Аз ин хотир шахсони аз 40-сола боло бояд камаш соле як ё ду маротиба аз санҷиши қанди хун гузаранд.
Тоҳир Саъдуллозода тавсия медиҳад, ки ҳар инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барад. Яъне бояд ба варзиш машғул шуда, меваю сабзавотро бештар истеъмол намуд. Сайру гашт дар ҳавои тоза низ хеле муфид аст. Инчунин бояд аз хӯрокҳои зудтайёр ва ё таоми дуюм худдорӣ кард.
Агар инсон дар худ нишонаҳои ин бемориро мушоҳида намояд, ҳатман ба табиби эндокринолог бояд муроҷиат намояд. Дар ҳолати мубтало гардидан ба ин беморӣ инсон бояд аз худтабобаткунӣ худдорӣ намояд. Худсарона истифода бурдани дорувориҳо аз тарафи шахсон қатъиян манъ аст. Инсон бояд доир ба ин беморӣ ва оризаҳои он маълумоти бештар пайдо намояд. Асабоният бадтарин омил барои гирифторони ин беморӣ мебошад. Пас, беморон бояд ҳатман аз асабонӣ шудан худро канор гиранд.
Табибон мегӯянд, ки диабети қанд бемории табобатшаванда буда, вале пурра нест намешавад. Бемории диабети қанд мисли бемории баландшавии фишори хун ва баланд шудани чарбуҳои хун табобати доимӣ талаб мекунад. Дар ҳолати сари вақт табобат шудан ҷараёни беморӣ метавонад сабук гузарад ва оризаҳои беморӣ камтар шаванд.
Фирӯза ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид






