ИМТИЁЗҲО БАРОИ ОМӮЗГОР. Ба 3 сокини Ёвон хонаи истиқоматӣ туҳфа карда шуд, ки яке аз онҳо омӯзгори ҷавон аст
ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон ба 3 нафар: омӯзгори ҷавон, сокини камбизоат ва шахси маъюб хонаи истиқоматӣ туҳфа карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Калиди хонаро ба онҳо Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тақдим намуд. Хонаҳои туҳфашуда дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Ёвон, ки бо пентхаус ва ҷойгир намудани толори маркази савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якуму таҳхонаи он ва бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, воқеъ мебошанд.
Иншооти нав аз 9 ошёна ва 257 хонаи истиқоматӣ иборат буда, аз ҷониби соҳибкори меҳандӯсти ноҳия Мухторхӯҷа Қоризода бунёд гаштааст. Ҳуҷраҳо аз як, ду ва сехонагӣ иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои зебо бунёд шудаанд.
Масъалаи ҳавасманд намудани омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилояти Хатлон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи соли нави таҳсил низ дар вилояти Хатлон ба 31 омӯзгори ҷавони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шаҳодатномаи замини наздиҳавлигӣ тақдим шуда буд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон намуданд.
«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», —иброз доштанд Сарвари давлат.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илм хабар дода буд, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан мебошад.
Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон барои омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд.
Имтиёзи дигар барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ин аст, ки барои 3 сол ба маошашон иловапулӣ муқаррар карда шудааст. Андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.
Бояд гуфт, ки ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ба аҳли ҷомеа таълиму тарбия медиҳад.
Дарвоқеъ, имрӯзҳо омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагону донишҷӯёни босавод тарбия намоянд. Зеро дар ҳолати дар озмунҳо иштирок намудан ва сазовори ҷойи аввал гардидани довталаб устодон низ бо мукофот ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар доираи чунин тадбирҳои андешида боварии комил аст, ки минбаъд дар соҳаҳои мухталиф ҷавонони донишманд фаъолият менамоянд. Месазад, ки ин ташаббусро идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ дастгирӣ намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд






