Кооперативи истеҳсолии «Беҳбудӣ» дар як сол тақрибан 15 тонна хурмои хушк истеҳсол менамояд

Ноябрь 4, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯшониён Кооперативи истеҳсолии «Беҳбудӣ» фаъолият мекунад, ки дар он аз хурмо хушкмеваи (чипси) хушсифат истеҳсол мегардад. Дар корхона дар як сол тақрибан 15 тонна хушкмева (чипс) истеҳсол мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд.

Меваи хурмо аз боғпарварони ноҳия дастрас карда мешавад. Барои хушк намудани хурмо таҷҳизоти техникӣ аз давлатҳои хориҷӣ харидорӣ шудааст. Инчунин дар кооператив навъҳои дигари меваҳо низ хушк карда мешаванд.

Ин навъи хушкмева дар борҷомаҳои махсус бастабандӣ шуда, дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Инчунин қисме аз он ба содирот нигаронида мешавад.

Дар айни замон дар Тоҷикистон давраи ҷамъоварии хурмо идома дорад. Хурмо дар таркиби худ витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯӣ ва дигар моддаҳои биологии фаъол дорад. Агар меваи пухтаи хурморо дар ҷойи муътадил нигоҳ доред, то 4-5 моҳ хусусияти худро гум намекунад. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши хурмо мусоид буда, солҳои охир хурмопарварӣ хеле вусъат ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии шаҳри Бохтар шинос шуд
Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид
Дар Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил карда мешавад
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд