КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ КРАНҲОИ БОРБАРДОРИ ТОҶИКИСТОН. Он бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надорад

Ноябрь 9, 2024 08:50

ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи сохтмон ва ҳалли масъалаҳои дар ин самт мавҷудбуда «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025)» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардид. Мавриди ёдоварист, ки бунёди корхонаи истеҳсоли кранҳои борбардор дар ноҳияи Ёвон дар бартарафсозии яке аз мушкилоти соҳа мусоидат менамояд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 7 ноябр бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон, корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон» ба истифода дода шуд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон шавад, зеро то ҳол ин маҳсулот аз берун ворид мегардад. То имрӯз ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо аз хориҷи мамлакат ворид мешавад. Кранҳои ин корхона ивазкунандаи воридот ва ҳам маҳсулоти содиротӣ хоҳад шуд.

Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, дар он 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд. Корхона бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар мавриди зиёд гаштани фармоиши харидорон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, ба содирот низ нигаронида шудааст.

Механизмҳои борбардори истеҳсолшаванда дар корхонаи навбунёд, ки ҳар қисми он пас аз озмоишу санҷишҳои мутахассисони соҳа насб карда мешаванд, тавоноии бардоштани аз 4 то 12 тонна борро доранд. Кранҳои борбардори ин корхона тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро ба маротиб осон намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар бинои бекорхобидаву валангоре, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд, бунёд гардида, масоҳати умумии он наздики 4 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Дар саҳни бинои корхона намунаи яке аз кранҳои борбардор гузошта шуда буд, ки бозгӯи иқтидори истеҳсолии корхона ва сифати баланди маҳсулоти он мебошад.

Корхонаи нави истеҳсолӣ аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маҳсуб ёфта, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – «Саноатикунонии босуръати кишвар» бо навтарин технологияи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли равон дар мамлакат ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,5 фоиз зиёд аст.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат сол ба сол сохтмони хонаҳои баландошёна вусъат меёбад. Теъдоди биноҳои бисёрқабата на танҳо дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ рӯ ба афзоиш дорад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 9, 2024 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад