Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳраки академикҳо (шаҳри Душанбе) роҳпаймоии идона ташкил намуданд. Онҳо бо бардоштани парчами 32- метра эҳтироми ин муқаддасоти миллиро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, пас аз роҳпаймоӣ ҳамоиши фарҳангии идона баргузор шуд.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, дар зери худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст.
Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ биноҳои замонавӣ бунëд гардида, барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷумҳурӣ замина мегузоранд. Ҳамчунин зери сиëсати Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе бо баланди 165 метр Парчами давлати парафшон гардид, ки ин ҳама самараи истиқлол ва комилҳуқуқиву сулҳу суботи осоишта аст.
Ҳунармандон бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона ба чорабинӣ фазои идона бахшид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон













ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






