Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд

Ноябрь 23, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳраки академикҳо (шаҳри Душанбе) роҳпаймоии идона ташкил намуданд. Онҳо  бо бардоштани парчами 32- метра эҳтироми  ин муқаддасоти миллиро  ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд,  пас аз роҳпаймоӣ  ҳамоиши  фарҳангии идона баргузор шуд.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати оқилонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, дар зери  худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст.

Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ биноҳои замонавӣ бунëд гардида, барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷумҳурӣ замина мегузоранд. Ҳамчунин зери сиëсати Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе бо баланди 165 метр Парчами давлати парафшон гардид, ки ин ҳама самараи истиқлол ва комилҳуқуқиву сулҳу суботи осоишта аст.

Ҳунармандон  бо пешниҳоди  суруду таронаҳои  ватандӯстона  ба чорабинӣ фазои идона бахшид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад