Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин хадамот хабар доданд.
Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақому манзалати он дар ҳаёти ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, кӯшишу ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муаррифии он дар тамоми дунё ҳамчун рамзи давлати тоҷикон ва паҳлуҳои дигари парчам сухан гуфт.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ ва кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Таъкид гардид, ки бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент ва марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватан фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меоянд.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






