Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба низоми автоматии алоқа мегузарад

Ноябрь 12, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъсиси Низоми ягонаи автоматикунонидаи алоқа дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти навтарини алоқа ва дастгоҳҳои назорати видеоӣ харидорӣ гардид.

Тавре дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои омӯзонидани ин таҷҳизот ба кормандон машваратҳои омӯзишӣ оғоз шуданд.

Ин воситаҳои техникӣ имкон медиҳанд, ки алоқаи савтиву овозӣ, иртиботи видеоӣ, паёмҳои матнӣ, ҷойгиршавӣ ва дигар воситаҳои иртибот дар низоми ягона ҷамъоварӣ, иваз ва коркард шаванд. Он интиқоли босуръати маълумотро байни компютерҳо ва дигар дастгоҳҳои дохили шабака таъмин мекунад, ки ба ин восита робита байни сохторҳои минтақавӣ беҳтар мешавад.

Ба кормандон нармафзори системавӣ, низомҳои дар серверҳо насбшуда, принсипҳои асосии кор, имконияти система, таркиби таҷҳизот, назораткунандаҳои телефонҳои «ROIP, SIP», камераҳои «SIP CCTV», радиостансияҳо, пайвастшавӣ, тавсифи нармафзор, нақшҳои маъмури низом, оператор, қоидаҳои умумии кор ва нигоҳдорӣ омӯзонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин таҷҳизот дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ барои воҳидҳои Кумитаи ҳолтҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ харидорӣ гардидааст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2024 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад