Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд

Ноябрь 21, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба маълумоти довталабон ва шаҳрвандон мерасонад, ки барои таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура, докторантура ва коромӯз аз рӯи ихтисосҳои гуногун қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар  Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар доданд.

Қабули ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои олии касбии 184 давлати дунё, аз ҷумла Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Беларус, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва дигар давлатҳо оғоз гардид.

Хоҳишмандон метавонанд барои супоридани ҳуҷҷат (номнавис шудан) ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя), муроҷиат намоянд.

Ҳамзамон ба Раёсати маорифи вилояти Суғд дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Шарқ 29 муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: 2232359, 2211175 

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд