Маркази миллии тестӣ барои хатмкунандагони 530 муассисаи таълимӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд

Ноябрь 20, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) шинос кардани синфҳои 11-уми муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни хатмкунандагони 530 муассисаи таълимӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсад аз гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ шинос кардани хатмкунандагон бо саволу масъалаҳои тестӣ вобаста ба фанҳои имтиҳонӣ, тарзу қоидаҳои имтиҳонсупорӣ ва пайдо намудани масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ мебошад.

Дар мувофиқа бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи директорони муассисаҳои таълимӣ рӯйхати хатмкунандагон бо интихоби гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо)-яшон, ки бо он дар имтиҳонҳои озмоишӣ иштирок мекунанд, пешниҳод гардид.

Дар умум аз 56 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рӯйхати 11 058 нафар хатмкунандагон пешниҳод шуд. Дар асоси рӯйхатҳо ва гурӯҳи ихтисосҳои хатмкунандагон ҷудо ва таъйин кардани 1025 синфхонаи имтиҳонӣ дар назар дошта шудааст.

Имтиҳонҳои озмоишӣ давоми моҳҳои ноябр-декабри соли равон аз тарафи кормандони Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 56 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Баъд аз анҷоми имтиҳонҳои озмоишӣ аз тарафи кормандон ва мутахассисони Маркази миллии тестӣ варақаҳои ҷавобҳои хатмкунандагон санҷида шуда, натиҷаҳои имтиҳонҳо тавассути раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда мешаванд.

Хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои озмоишӣ иштирок намекунанд ё муассисаҳои таълимии онҳо ба имтиҳонҳои озмоишӣ ҷалб карда нашудаанд, метавонанд аз сомонаи расмии Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) истифода бурда, тавассути хизматрасонии «Худро бисанҷ» бо низоми ИМД шинос шаванд ва барои санҷидани худ аз он истифода баранд.

Ҳамзамон Маркази миллии тестӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди сарраёсат бо истифода аз барномаи хизматрасонии «Худро бисанҷ» имтиҳонҳои озмоишӣ мегузаронад, ки хатмкунандагон метавонанд аз тариқи компютер дониши худро санҷанд.

АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд