Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад

Ноябрь 24, 2024 09:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр ба қабули Парчами давлатии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Дар Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб Рӯзи Парчами давлатӣ расман таҷлил мешавад.

Ба ин муносибат дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Фирдавси Абдулҳамид  дар бораи таърихи парчам ва парчами замони истиқлол чунин ибрози назар намуд:

— Дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басе ҷолибу ҷаззоб ифода ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст. Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. Яъне дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо кардаанд.

Бахусус ниёгони мо Ҳахоманишиҳо (558-330 то милод) дар таърихи инсоният яке аз нахустин империяро созмон дода, парчами хоси худро доштанд. Парчами онҳо ранги сурх дошт ва бо шилшилаҳои сурх, сафед, сабз оро дода шуда, дар мобайни он уқоби болҳояш кушода тасвир шуда буд. Уқоб дар сарчашмаҳои таърихӣ нишонаи қудрату тавоноӣ ва қадимтарин рамзи ориёиҳо мебошад. Яъне парчами Ҳахоманишиҳо бо рангу тасвирҳои дар худ овардашуда баёнгари империяи неруманди замонро дорад.

Дар даврони Сосониён (224-651) шакли парчами ниёгони мо каме тағйир ёфта, дар қисми болои он парандаи заррин — мурғи ҳумо таҷасум ёфта, дар чангҳояш саққоҳои тиллоӣ дорад ва дар бахши мураббаи он қиматтарин сангҳо насб мегардиданд. Ҳамзамон дар ин давра парчам хурду мураббаъ гардида, онро  чалипо — салиб ба чор бахш тақсим менамояд. Ҳоло намунаҳои дирафши Ҳахоманишиҳо ва Сосониён (шакли бозсозишуда) дар гӯшаи ёдгориҳои ин давраҳо дар Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд.

Хусусан даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Аз ҷумла, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  мо ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи арзишҳои таърихиву фарҳангии деринаи миллат рӯ оварда, дар заминаи он рамзу муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламонро таҳия ва қабул намудем. Баробари эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тағйир ва қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам  ба миён гузошта шуд. Ҳамин тавр, озмуни беҳтарин Парчам ва Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар натиҷа ба кори комиссия зиёда аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Ниҳоят, Парчами давлатӣ — бо се хати ранга (сурх, сафед, сабз) ва тоҷу ҳафт ситора- лоиҳаи таҳиянамудаи гурӯҳи расомон бо роҳбарии Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев дар озмун беҳтарин парчам интихоб гардид.

24 ноябри соли 1992  дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо ҳамин ҷумҳурии мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол- Парчами давлатӣ гардид.

Дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон муаррифӣ, қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ мавриди  ҳифз ва муаррифии шоиста қарор дорад.

Ҳифз намудан ва ба экспозитсияи Осорхонаи миллӣ расонидани ин нигораи арзишманд таърихи худро дорад. Матои Парчами нахустин бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ аз ҷониби корманди масъули Шурои Олии Тоҷикистон Калимулло Қодиров солҳои зиёд эҳтиёт ва ҳифз шуда, сипас  дар таҷлили 15-солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Соли 2007 бо дастури Президенти мамлакат Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

Ҳоло «Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти рақами осорхонавии КВ — 12823/2 дар экспозитсияи толори даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад. Парчам матои росткунҷа буда, дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Дарозии умумии парчами нахустин 145 см ва баландии он 85 см – ро ташкил медиҳад. Парчам дар гӯшаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ба таври парафшон гузошта шуда, экспонати марказии ин гӯшаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба кайҳон бароварда шудааст, ҳамчун экспонати нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад. Соли 2004 Солиҷон Шарипов Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо худ ба Стансияи байналхалқии кайҳонӣ бурда буд. Парчам муддати 193 рӯз дар кайҳон қарор дошт. Парчам 24 ноябри соли 2022 аз ҷониби тоҷикписар – кайҳоннавард Солиҷон Шарипов ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

Инчунин нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олими тоҷик, иқлимшинос, профессор Абдулҳамид Қаюмов 6 январи соли 2009 дар қитъаи шашуми ҷаҳон – Антарктида расман барафрохта шуда буд, барои ҳифз ва муаррифӣ бо ташкили ҳамоиши идона дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

Ҳоло дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дар  қатори дигар нигораҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат, ҳувияти миллӣ ва шарафи ватандӯстӣ ба намоиши доимӣ гузошта шудааст.

Дар ҳама давру замон парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатӣ дар мутаҳидсозии мардумон хизмат намудааст. Имрӯз ҳам парчам барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Танҳо  бо ин мақсад дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ низ гӯшаҳои доимии «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шудаанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»/Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2024 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

“Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
Соли 2025 дар вилояти Хатлон Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардид
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид
Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд
Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд