Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ дар Чин иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр дар шаҳри Тианҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбию техникӣ — 2024 (2024 World Vocational Education Development Conference) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокдорони конфронс масоили мубрами рушди таҳсилоти касбию техникӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла ҳамбастагии таҳсилот-илм-истеҳсолот, таҳсилоти касбӣ ҳамчун муҳаррики асосии рушди устувори ҷаҳон, рушди низоми менеҷменти сифат, касбияти омӯзгорон ва амсоли онро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин намояндагони Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории донишгоҳро доир ба самтҳои мухталифи фаъолият мавриди муҳокима қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар конфронс беш аз 1000 намояндаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ иштирок намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид






