Паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардид

Ноябрь 1, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 29 то 31 октябр дар шаҳри Тиранаи Албания Чемпионати ҷаҳон дар вазнҳои ғайриолимпӣ  оид ба гӯ‌штини тарзи озод доир гардид, ки дар он паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев бо маҳорати воло рақибонашро мағлуб карда,  соҳиби  медали биринҷӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 70 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11 бар 0 намояндаи Муғулистон – Энхтуяро шикаст дода, дар даври дуюм  бо ҳисоби 12 бар 2 Рамазон Рамазонови булғориро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Абдулмаҷид Кудиев дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 5 дар як рақобати мушкил Сино Халилӣ аз Эронро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Абдулмаҷид Кудиев аз Нуржока Кайпанови қазоқ пас аз як иштибоҳ бо ҳисоби 2 бар 13 рақобатро бохт ва ба финал баромада натавонист.

Паҳлавони Тоҷикистон барои медали биринҷӣ бо ҳисоби 13 бар 2 Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дода, медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 1, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид