Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 27 ноябр идома меёбанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён иброз дошт, ки «тавассути хизматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко робитаҳои фарҳангию башардӯстонаи ду мамлакат ба таври устувор инкишоф меёбанд. Маротибаи чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд».
Муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада гуфт, ки Тоҷикистон ва Беларусро робитаҳои зичи фарҳангӣ мепайванданд.
«Дар Фестивали байналхалқии театрҳо дар Минск ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон бо беҳтарин намоишҳо иштирок намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи фарҳангии муносибатҳои мо марҳилаи муҳим гардид», — иброз дошт Валерий Громада.


Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Валерий Громада ва ҳайати расмии ин давлат доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, инчунин баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд.
Ҳамчунин 25 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Бо хуни дил» намоишгоҳи адабии мустанад баргузор шуд, ки дар он аксу мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон









Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






