Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмонро баргузор намоянд.
Тавре дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои фарҳангӣ ва тиҷоратию иқтисодии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромаданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Тоҷикистон








Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад






