РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади «Орзуи қаҳрамон» намоиш дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, филм дар бораи яке аз чемпионҳои миллии Ҷумҳурии Беларус аз намуди гӯштини тарзи озод Александр Медвед қисса мекунад.
Филм тарғибгари тарзи ҳаёти солим буда, ҳисси ватандӯстии қаҳрамонро инъикос намудааст.
Муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои ба ҳам овардани мутахассисони соҳа, махсусан синамогарон мусоидат мекунад. Он имконият фароҳам меорад, ки филмҳои муштарак бештар таҳия гарданд.
«Имсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Синамогарони Беларус дар доираи Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» 19 октябри соли равон филмҳои ҳунарии худро ба дӯстдорони синамои Беларус пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби тамошобинон хуб қабул шуданд»,- гуфт Толиб Ғайбуллозода.
Ҳунарманди Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Ғолиб Исломов намоиши филмҳои дигар давлатҳо дар Тоҷикистон ва филмҳои Тоҷикистонро дар дигар давлатҳо такони ҷиддӣ дар рушди синамои тоҷик арзёбӣ намуд.
«Ҳангоми тамошои ин гуна филмҳои сатҳи баланд мо, ҳунармандон дар фаъолияти ҳунариямон бештар эҳсоси масъулият мекунем»,-иброз дошт Ғолиб Исломов.
Ба андешаи ин ҳунарманд, ҷавонони соҳибкасб бояд ба чунин чорабиниҳо бештар ҷалб шаванд, то тавонанд дар оянда бо диди муосир филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба навор гиранд.
Имрӯз, соати 17:00 филми тасвирии «Суруди Сирен» намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин имрӯз бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои «Устод ва шогирд» баргузор мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Беларус аз 25 то 27 ноябри соли равон гузаронида мешаванд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд






