Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд

Ноябрь 25, 2024 12:01

ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир ба хотири саҳми арзанда дар рушди ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

Ордени «Дӯстӣ» 24 ноябр дар шаҳри РиёзиАрабистони Саудӣ зимни вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасир супорида шуд. Шаҳодатномаи ордени «Дӯстӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026-ро мавриди баррасӣ қарор  доданд.

То имрӯз аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон бобати дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф 825 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷудо шудааст.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Чумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»