Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳаи Сарироҳи шаҳракаи Балхӣ бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тарбия ва омодасозии ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи фарҳангу санъат дар муҳлати кӯтоҳ сохта шуда, дорои шароити муосири таълимӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳишмандон аз синни 10 сола боло ҷалб карда мешаванд.
Дар бинои навсохт хонандагон дар шуъбаҳои хореографӣ, санъати тасвирӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва раванди таҳсил дар ин муассисаи навбунёд, ба масъалаи тарбияи дуруст ва соҳибкасб гардонидани ҷавонон таваҷҷуҳ намуда, хонандагонро барои аз худ кардани нозукиҳои асбоби мусиқӣ ва санъати навозандагию овозхонӣ ҳидоят намуданд.
Мактаби санъат, ягона иншооти замонавии соҳавӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ мебошад, ки дар асоси ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд гардида, барои омодасозии ҷавонони соҳибзавқ дар соҳаи санъат пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо дорои таҳсилоти олӣ олидошта ба хонандагон навохтани асбобҳои торӣ, нафасӣ ва зарбиро меомӯзонанд. Донишомўзони ин муассиса баъди 5 соли хатми ин даргоҳ метавонанд вобаста ба касби интихобкардаашон таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ идома диҳанд.









Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»






