Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
ДУШАНБЕ, 06.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия, ки қариб ду сол идома ёфт, мардуми Тоҷикистон фаъолона иштирок карда, зиёда аз 8,5 ҳазор пешниҳоду дархостро ба комиссия манзур намуданд. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, баён доштанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «дар он давраи мудҳиш таҳия кардани лоиҳаи Конститутсия кори осон набуд, вале масъалаи таҳияи қонуни асосии давлат ва ташаккули асосҳои конститутсионии давлатдории навин аз ҷумлаи зарурати муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мерафт. Дар Иҷлосияи XVII Шурои Олӣ масъалаи таҳияи Конститутсия баррасӣ гардид ва бо роҳбарии Сарвари давлат Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд».
Дар ҷараёни суханронӣ Пешвои миллат чунин афзуданд: «Дар раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия ҳайати комиссияи конститутсионӣ ба якчанд давлати пешрафтаи ҷаҳон бо мақсади омӯхтан ва истифодаи таҷрибаи онҳо фиристода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд ва меъёрҳои онҳо дар Қонуни асосии мо дарҷ гардиданд. Тамоми пешниҳодҳои воридшуда аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ таҳлилу баррасӣ гардида, дар раванди таҳияи матни ниҳоии Конститутсия ба эътибор гирифта шуданд».
«Шашуми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ 94,4 фоизи шаҳрвандон иштирок намуда, 87,6 фоизи онҳо ба тарафдории қабули Конститутсия овоз доданд. Ошкоро ва ҳаматарафа баррасӣ гардидани лоиҳаи Конститутсия, ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудани он ва ниҳоят, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели қатъии дар асоси меъёрҳои демократии аз ҷониби умум эътирофшуда қабул гардидани ин санади тақдирсоз мебошад»,- изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






