ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд

Ноябрь 17, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 17.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯёнидани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ истифодаи тухмии хушсифату серҳосил нақши аввалиндараҷа дорад. Масъулини бахши тухмипарварӣ бояд ба ихтирои тухмии баландсифат, ки он хосиятҳои хуби морфологӣ, биологӣ ва хислатҳои беҳтарини навъро дар истеҳсолот нигоҳ дошта тавонад рӯ оранд, то ки навъи ихтироъкардаи олимон ба ҳиссаҳо ҷудо нашуда, баръакс ҳаматарафа афзоиш ёбад. Вазифаи ҷонии тухмипарварон аз он иборат аст, ки тухмиҳои хубтарину гибридҳои ояндадорро ба миқдори муайян мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд. Чунин тавсия додааст доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Сайфиддин Садридинов ба масъулини бахши тухмипарварии мамлакат. Дар зер тавсияҳои дигари коршинос пешниҳод мегардад.

— Ояндаи кишоварзиро бе татбиқи ҳамаҷонибаи андешаҳои нави илмӣ, технологияи нави инноватсионии ҷаҳонӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Дар асоси пеш бурдани илми кишоварзӣ, олимону мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ, Институти зироаткории ба номи академик Акбар Махсумов бо роҳбарии Академияи илмҳои кишоварзӣ солҳои охир як қатор навъҳои нави пахтаро ихтироъ карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он ба кишт тавсия карда шудаанд. Ин навъҳо бо ҳосилнокии баланд ва сифати хуби нахашон фарқ мекунанд. Навъҳои миёнанаху пешпазаки ба касалии вилт тобовари «Гулистон» ва «Гулистон-2», «Меҳргон», «Ҳисор», «Сорбон», «Зарнигор», «Хуҷанд-67», навъҳои маҳиннахи «9326-В», «8809-В», «750-В», «Хуҷанд-01м» шоёни таҳсин аст.

Ҳоло олимони тоҷик (М. Неъматов, Б. Неъматов, Р. Абдуллоев, С. Орифов) пахтаи маҳиннахи навъи гулаш пӯшидаи (клестогамӣ) «Авесто» ва пахтаи навъи гулаш пӯшидаи миёнанахи «20-солагии истиқлолият»-ро ихтироъ карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ навоварии аввалин ба ҳисоб меравад. Навъҳои серҳосили зироати ғалладонагӣ, аз қабили гандуми мулоими тирамоҳӣ, сафедаки маҳаллии «Наврӯз», «Шарора», «Зафар», гандуми сахти «Ватан», «Шамъ», «Президент» ва сабзавоту зардолуҳои беҳтарину ширин ихтироъ карда шудаанд.

Як чизи дигарро таъкид намудан шарт аст, ки тайёр кардан ва нигоҳубини тухмӣ, кишти навъҳои нафъовар як қатор хусусиятҳои муҳим доранд, ки бо риояи онҳо метавон ба баланд гардидани ҳосилнокӣ муваффақ шуд.

Мувофиқи дастурамал (ГОСТ) оид ба истеҳсоли тухми элита ва репродуксияи якуми навъҳои зироати пахта ба сифати тухмӣ инҳо мансуб мебошанд: тозагӣ, андозаи ифлосӣ, энергияи қобилияти сабзиш, намнокӣ, вазни 1000 дона тухм, тобовар ба дараҷаи касалиҳою ҳашаротҳои сирояткунанда. Дар мавриди истеҳсоли тухмӣ ба ҳамин қоидаҳо ҳатман риоя намудан зарур аст.

Дар соҳаи тухмипарварӣ барои халос шудан аз сифати пасти тухмие, ки ҳосили кам медиҳад, кишти зироатро бо тухмиҳои навъи аъло мегузаронанд. Инчунин, сифати тухми пастшударо бо тухмиҳои хушсифати элита, репродуксияи якум иваз менамоянд. Навъҳои наву самарабахши зироат, асосан пахта, танҳо дар шароите натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, ки нишондодҳои тадқиқоти илмӣ дар амал ҷорӣ карда шаванд. Чунончи, тухмиҳое, ки ба кишт омода мегарданд, мувофиқи тавсияномаи Вазорати кишоварзӣ қобилияту энергияи сабзиши онҳо аз 85 то 95 фоиз бояд бошад, тозагии навъ 98 то 100 фоизро ташкил кунад, дар он вақт аз ин гуна тухмиҳо ҳосили баланд рӯёндан имконнопазир аст. Тозагии навъи тухми пахта барои элита 100, репродуксияи якум 99, репродуксияи дуюм 98 фоизро ташкил намояд. Қитъаҳои беҳтарини заминро бояд аз давраи кишт ба тухмипарварӣ ҷудо карда, аз кишт то ғунучини ҳосил барои гирифтани тухмиҳои босифат ба тамоми қоидаҳои агротехникӣ риоя намудан шарт ва зарур аст.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат 128 хоҷагии махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ фаъолият мекунад, ки вазифаи асосии онҳо таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятиву инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусияти биологӣ мебошад.

Аз хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 3 хоҷагӣ, вилояти Суғд- 48 хоҷагӣ, Хатлон — 57 хоҷагӣ ва ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ -20 хоҷагӣ рост меояд. Аз ин шумора 69 хоҷагӣ ба истеҳсоли пахтаи тухмӣ, 20 адад ба тухмии пахта — ғалладона, 1 адад ба пахтаи тухмӣ — сабзавот, 1 адад ба ғалладона –юнучқа, 11 адад ба ғалладона, 17 адад ба картошкаи тухмӣ, 4 адад ба юнучқа ва 5 хоҷагӣ ба истеҳсоли тухмии зироати сабзавотӣ машғул мебошанд. Хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ки ба шабакаи хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироати кишоварзӣ дохил гардидаанд, дар ихтиёри худ 42215 гектар замини обӣ доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 17, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид