Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода бо директори Маркази куриёгии «Kopia» дар Ҷумҳурии Узбекистон Он Сунг Джонг ва директори Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Узбекистон Азам Нурматов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории минбаъда дар самтҳои офаридани зотҳои чорвои гӯштӣ ва ширӣ, инчунин баланд бардоштани ҳосили зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла шолӣ ва табодули таҷрибаҳо ибрози назар намуданд.
Инчунин масъалаи кушодани Маркази куриёгии «Kopia» дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази куриёгии «Kopia» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамкории муштаракро тавассути таҳияи лоиҳаҳои илмӣ тақвият бахшанд.
АКС: Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






