«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд

Ноябрь 20, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан»  барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи интернет доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Хотиррасон менамоем, ки ин фестивал-озмун дар чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» аз моҳи апрел то моҳи ноябр  гузаронида шуд.

Тибқи Низомнома, дар он рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи интернет (блогерон) иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат нисбат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, шиносо намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо табиати зебоманзари мамлакат ва эҳёи ҳунарҳои мардумию армуғонҳои миллӣ  мебошад.

Фестивал-озмуни эҷодӣ дар асоси банди 27 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад