«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд

Ноябрь 21, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 ноябр, соати 15:00 дар кинотеатри «Ватан» Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» ҷамъбаст гардида, 12 ғолиби он муайян ва бо мукофотпулӣ сарфароз мегарданд.

Бори аввал аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва дигар масъулин фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»  доир гардид. Давоми шаш моҳ ба озмун зиёда аз 60 маводу матлаб, ки аз он 56 мавод бо забони тоҷикӣ,  4 мавод ба забони русӣ ва 21 адад ролику навори видеоӣ мебошанд, пешниҳод гардид.

Фестивал-озмун моҳи апрели соли равон оғоз гардида, то охири моҳи октябр идома ёфт. Барои баҳогузории маводи ба фестивал-озмун пешниҳодшуда ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои масъул ва сармуҳаррирони маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.

Фестивал-озмун аз рӯи чор номинатсия- «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ» доир шуд. Дар ҳар номинатсия се ҷойи ифтихорӣ муқаррар гардида, дар умум 12 ғолиб муайян карда мешавад.

Ба ғолибони ҷойи якум 7 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 5 ҳазор  ва ҷойи сеюм 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад. Онҳо ҳамчунин тавассути барномаҳои телевизиону радио, маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаю саҳифаҳои расмии интернетӣ муаррифӣ гашта, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои маърифатию сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботиро пайдо менамоянд.

Тибқи таҳлили аъзои ҳакамон, дар фестивал-озмун аз ҳисоби пешниҳоди навору видео ҷавонон (21 нафар)  бештар фаъол буданд.

Тавре сармуҳаррири  рӯзномаи  «Народная газета» Маҳбуба Камолова иброз намуд, аз 60 маводе, ки ба ҳайати ҳакамон пешниҳод гардид, 4-тои он бо забони русӣ мебошад.

«Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо, воқеан тараннумгари зебоии Ватан ва вассофи ҳақиқии он мебошанд. Муаллифон тавонистаанд тамоми зебоии ин сарзамин ва дастовардҳои Тоҷикистонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ инъикос намоянд»,-афзуд Маҳбуба Камолова.

Аъзои дигари ҳакамон, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода дар суҳбат доир ба баргузории ин фестивал-озмун иброз дошт, ки дар озмун дар баробари  нависандагон, шоирон ва блогерон донишҷӯён низ хеле  фаъол буданд. Онҳо маводе пешниҳод намудаанд, ки дар ҳақиқат хонданӣ мебошанд. Дар байни онҳо чанд мавод бо чунин сарлавҳаҳо пешниҳод шудаанд: «Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи Ватан аст», «Эмомалӣ Раҳмон-меъмори сулҳи тоҷикон», «Ватан- хонаи ман», «Ватандӯстӣ- ифтихори ман» ва ғайра.

Бояд гуфт, ки  ҳадафи Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он мебошад.

Шоҳона Одиназода иброз намуд, ки «гузаронидани чунин фестивал-озмунҳо ба манфиати кор аст. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо гузаронидани ин фестивал-озмун муваффақ низ гардид, чунки ирсол гардидани зиёда аз 60 мавод барои бори якум хеле зиёд аст».

Баргузор намудани чунин озмунҳои ватандӯстона, ба мисли Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» ба манфиати аҳолии мамлакат, хосса насли наврасу ҷавон мебошад. Чунки ин озмунҳо дар дили ҳар сокини мамлакат ҳисси ватандӯстӣ,  ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва эҳтирому муҳаббат нисбат ба Ватанро афзун мегардонанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид