Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд

Декабрь 3, 2024 10:25

ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди ҳамкории илмию таҳқиқотии муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) 2 декабр дар Токио дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва президенти Агентии байналмилалии Ҷопон (JICA) Акиҳико Танака баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Агентии байналмилалии Ҷопон  дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Аз замони барқарории равобити дипломатӣ соли 1992 байни Тоҷикистон  ва Ҷопон,  агентӣ лоиҳаҳоро дар бахшҳои калидӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва идоракунии захираҳои табиӣ амалӣ месозад.

«Пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, интиқоли технология ва дастовардҳои илмиро бе дастгирии иҷтимоии олимон, бахусус муҳаққиқони ҷавон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дастгирии иҷтимоии олимон аз сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар ин самт бо дастгирии агентӣ дар доираи ҳамкории тарафайн мо метавонем масъалаи муҳайё намудани шароити зист барои муҳақиқони ҷавонро баррасӣ намоем. Ин  ҳамкорӣ барои рушди соҳаи илм дар оянда мусоидат хоҳад кард»,-афзуд  Қобилҷон Хушвахтзода.

Воқеан ҳам фаъолияти Агентии байналмилалии Ҷопон  дар Тоҷикистон ба рушди дарозмуддат ва ҳалли мушкилоти асосии иҷтимоиву иқтисодӣ нигаронида шудааст. Ба шарофати дастгирии ин созмон, Тоҷикистон ба фанновариҳо ва донишҳои пешрафта дастрасӣ пайдо мекунад, ки ба таҳкими равобити дуҷониба бо Ҷопон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат мекунад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 3, 2024 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид