Ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд

Декабрь 28, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар бинои Парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи якҷоя Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғози кори ҷаласаи якҷоя доир ба тартиби кор, интихоби ҳайати котибот, тасдиқи рӯзнома ва инъикоси ҷараёни ҷаласаи якҷоя қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи якҷояи даҳум аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён Матлубахон Амонзода, аз вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода Зулфия Давлат, аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод., инчунин, дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён Матлубахон Амонзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур баррасӣ ва қабул намуданд.

Сипас, дар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад намуданд.

Зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои наздику миёнамуҳлат муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, аз ҷумла рушди босуръати саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои мубрами таъмини амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин пешбурди самарабахши сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар идома Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вазифаҳои навбатии мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро бобати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушду пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд, баён намуданд.

Бо ҳамин, ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум анҷом ёфт.


АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 28, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоси ислоҳот дар соҳаи маориф аст
Ба сокинони деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фаҳмонида шуд
ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Марҳилаи пешбарии рӯйхати номзадҳо оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба анҷом расид
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ