Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баррасӣ гардид

Декабрь 14, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид  Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Рабаб Фатима доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, мусоҳибон атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ байни  Тоҷикистон ва Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC) дар самти обу иқлим, амнияти озуқаворӣ, сармоягузории инфрасохтор, инчунин раванди омодагӣ ба Конфронси Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти пешбурди ин мавзуъҳоро барои минтақа ва чорабиниҳои глобалии он таъкид карданд.

Инчунин зимни мулоқот даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин ба намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Рабаб Фатима барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, тақдим гардид.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Декабрь 14, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд