Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ ва ташкили намоишҳои муваққатии ду давлат — Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср зимни вохӯрии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва директори Осорхонаи миллии тамаддуни Миср Тайиб Аббос мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ хабар медиҳад.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии тамаддуни Мисро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки дар доираи ин созишнома масоили муҳимми соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, ташкили намоишҳои муваққатӣ, тармиму барқарорсозии осори таърихӣ, ташкили даврҳои бозомӯзии кормандони осорхонаҳои ҳарду давлат ва дигар самтҳои фаъолияти осорхонаҳо баррасӣ мешаванд.
АКС: «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






