БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
ДУШАНБЕ, 30.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ пайваста талош менамояд. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Чунин изҳор гардид 28 декабр дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик иттиҳод гардида, ормонҳои барбодрафтаи ҳазорсолаи хешро дубора эҳё намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин фосилаи барои таърих бисёр кӯтоҳ мамлакати мо на танҳо ба давлати мутараққию дӯстдоштаи тамоми тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт, балки арзишҳои илмию фарҳангии онро баъди зиёда аз 1000 соли фаромӯшӣ эҳё намуда, номи шахсиятҳои таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро дубора зинда гардонид.
Аз ҷумла, аз соли 1999 баргузории 1100-солагии таъсиси нахустин давлати Тоҷикон – Сомониён ва дар солҳои баъдӣ таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрал ва даҳҳо шоирону олимон ва донишмандони гузаштаи миллат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлил карда шуд.
Ҳамзамон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба бахшида ба бузургдошти 815-солагии нобиғаи ҳама давру замонҳо- Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО- дар шаҳри Париж конфронси байналмилалии илмӣ-назарияввӣ баргузор гардид.
Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, ки аввалин бор дар қалби Аврупо ба роҳ монда шуд, дар толори барҳавои қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж-пойтахти Фаронса доир гардид. Дар конфронс муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО Габриела Рамос, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани Рӯдакӣ дар Фаронса ва мавлоношиносон аз тамоми қаламрави ҷаҳон иштирок доштанд.
Дар ин ҳамоиши бузург Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоире мебошад, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз пеш дар борааш мегӯянду менависанд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти умумиҷаҳонӣ осори бой боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузурге дошт.
Дар Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО ва дигар олимону муҳаққиқон ва мавлоношиносон ин иқдомро дар роҳи ҳамгироӣ ва дӯстию ваҳдати халқҳои олам муҳим арзёбӣ намуданд.
Тавре иброз гардид, осори ҷовидонаи Ҷалолуддини Балхи имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст. Ду асари бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ: «Маснавии маънавӣ» ва «Девони кабир» шабеҳи оинаҳое ҳастанд, ки Мавлоно фарорӯи одамиён доштааст.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ҳамасола 30 сентябр эълон шудани Рӯзи бузургдошти ин нобиғаи беҳамто дар Точикистон ва баргузор намудани озмуни «Маснавихонӣ» аз сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат дарак медиҳанд. Мо, тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.
Ҷалолуддин аз он нобиғагони нодир аст, ки таърихи фикр ва фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст. Ӯ бо ҳама бузургӣ устуравор дар майдони андешаи қарнҳо қомат афрохтааст ва ҷилои тафаккураш ба забони тоҷикӣ шукуҳу ҷалол бахшидааст.
Ба феҳристи хотироти ЮНЕСКО дохил гардидани “Куллиёти Мавлоно” нишони дурахшони дигари эътирофи расмии фарҳанги бузурги гузаштагони дар қатори номгӯи падидаҳои фарҳангие, ки солҳои охир аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд, мебошад.
Албатта, эътирофи байналмилалии эҷодиёти бузургони гузаштаи тоҷик, хусусан Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ сухани нав нест. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ки бо ифтихор метавон гуфт зодаи сарзамини тоҷикон аст, бо шахсияти беназири худ ва ду шоҳасари безаволаш- «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Кабир» чандин сол аст, ки дар ососи омори расмии байналмилалӣ дар сафи аввали серхонданитарин муаллифони дунё қарор дорад.
Воқеан, осори гаронбаҳо, бешабеҳ ва арзишманди Мавлонои Балх баъд аз сипарӣ шудани беш аз ҳаштсад сол ҳанӯз аҳамият ва қадру қимати худро гум накардааст, балки, баръакс, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар дар олам нуфузу обрӯ дорад ва пешгоми ҷомеа мебошад, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо, ворисонаш аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин конфронси сатҳи баланд дар маҷмуъ 96 нафар олимону муҳаққиқон ва мавлоношиносону дӯстдорони каломи ин нобиғаи ҷаҳонӣ аз 14 кишвари ҷаҳон оид ба осори ҷонбахшу мондагори Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ва ҷойгоҳу мақоми ӯ дар адабиёти ҷаҳон маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Ҷараёни конфронси бузургдошти шоири тавонманди тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро зиёда аз 600 ҳазор нафар дар тамоми ҷаҳон ба тариқи пахши мустақим дар сомонаи расмии ЮНЕСКО тамошо намуданд.
Олимону муҳаққиқони кишварҳои мухталифи дунё барои чунин ташаббуси бузург ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Сарвари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошт ва зинда сохтани ному мероси пурғановати нобиғагоне, чун Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ миннатдории самимона баён доштанд.
Дар намоиш намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии “Маснавии Маънавӣ”, “Луби лубоб” (шарҳи маснавӣ)-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори Мавлоно ва дигар осори бостоншиносӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти илмию адабии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ буданд.
Дар идомаи конфронс ҳамзамон меҳмонон бо намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби тарроҳони чирадасти Тоҷикистон омода гашта буд, шинос шуданд, ки дорои сабки ҷаззоб ва зебою диданӣ буданд. Таваҷҷуҳи меҳмонону иштирокдоронро намунаи либосҳои хуштарҳу замонавии чакану атлас бештар ҷалб намуд.
Дар доираи конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно дар толори пуршукуҳи қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж таҳти унвони «Сурудҳои мондагор» бахшида ба бузургдошти Ҷалолуддин Балхӣ барномаи ҷаззобу пурмуҳтавои ҳунарӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд, ки дар он аҳли ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуд.
Сурудҳое, ки пешниҳоди меҳмонон шуданд, ҳамагӣ аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ буда, аз тарафи ҳунармандони тоҷик дар сатҳи бисёр олӣ иҷро ва аз ҷониби иштирокчиёну меҳмонон бо хушнуди шодмонӣ пазируфта шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»