«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 27, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» таҳти унвони «Чакан — мероси шигарфи фарҳанг» бо иштироки устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Ҷонибек Асрориён маҳфили «Тоҷикшиносӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авасто», «Шоҳнома» ва осори бисёр адибони гузашта маълумот ёфтан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро инъикос мекунад.

Иброз шуд, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, бахусус эҳёи ҳунари гулдӯзии тоҷикон пайваста фестивалу озмунҳо, конфронсу симпозиум ва дигар барномаҳои фарҳангӣ амалӣ мегарданд. Дар доираи онҳо тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону наққошон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷодашонро ба маърази намоиш мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон расман ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва рушди фарҳанги миллӣ дар мавзуъҳои зерин:  «Забони миллат — ҳастии миллат», ««Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон», «Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён», «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва воситаҳои электронии ахбор дар шароити ҷаҳонишавӣ», ««Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ» маҳфилҳо баргузор намудааст.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид