ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия мебошад. Дар робита ба ин рӯз аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон матлабе ворид гардид, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.
— Яке аз хатарҳое, ки дар ҳар давру замон монеаи рушди давлатҳо гардидааст, коррупсия мебошад. Дар замони муосир бо рушди иқтисоди бозаргонӣ ва муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ коррупсия хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намуда, бо низоми боз ҳам мураккаб ба тамоми давлатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид. Аз ин лиҳоз ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки бо мақсади якҷоя намудани кӯшишҳо дар самти мубориза бо коррупсия санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ қабул намояд. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҷаласаи 51-уми пленарии иҷлосияи 58-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо қатъномаи 58/4 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул шуд.
9-11 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Меридаи Мексика ин санади байналмилалии зиддикоррупсионӣ барои имзо кушода эълон гардид ва он аз ҷониби зиёда аз 100 давлати дунё пазируфта шуд. Бинобар ин 9 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо 25 сентябри соли 2006 ба ин Конвенсия имзо гузошта, он соли 2008 баъди тасдиқ ба низоми ҳуқуқии мамлакат ворид карда шуд.
Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Аз ҷумла, соли 1999 ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия», инчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз номгӯи зиёди он чорабиниҳо мебошанд, ки барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт асос гардидаанд.
Ҳамчунин дар идомаи ин иқдом бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ба ин мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусию ташкилоти байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Илова бар ин, дар мамлакат барои банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия се маротиба барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қабул гардида, дар доираи он тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди муқовимат ба коррупсия ҷалб карда шуданд.
Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 57% аъзои онро намояндагони мақомоти давлатӣ ва 43%-ро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон барои назорати ҷамъиятии қарорҳои қабулкардаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби намояндагони аҳли зиё, руҳониён, собиқадорони ҷангу меҳнат, соҳибкорон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудаанд.
Комиссияҳо вобаста ба иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳо ва нақшаҳои Шурои миллии муқовимат ба коррупсия назорати ҷамъиятӣ бурда, ҳамкории устувору мунтазами мутақобили судмандро байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ амалӣ менамоянд.
Барои пешбурди кори таҳлилӣ, пешгирӣ, сари вақт ошкор намудану тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба андоз алоқаманд, инчунин бартараф намудани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015 Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия таъсис дода шуда, фаъолияти он бо маром идома дорад.
Аз ин бармеояд, ки муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бобати расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ чораҳои муассир дида мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 Нақшаи амалиёти истанбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам ҳисоботи даврӣ ва фосилавии худро барои иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд пешниҳод менамояд. То инҷониб коршиносони ин созмон чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.
Имрӯз Агентӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон бо мақомоти махсуси бо коррупсия муборизабарандаи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Арабистони Саудӣ, Қатар, Покистон, Фаластин, инчунин чанд созмону ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамкорӣ дошта, дар натиҷаи тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳуроти номатлуб муваффақияти зиёд ба даст овардааст.
Тавре маълум аст, танҳо фаъолияти як мақомот барои паст намудани шиддати коррупсия кифоя набуда, зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин роҳ бетараф набошад. Яке аз роҳҳои асосии паст намудани шиддати коррупсия дар дилхоҳ давлат маҳз ҳамкории мутақобил байни ниҳодҳои давлатӣ ва ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста доир ба ин зуҳуроти номатлуб изҳори нигаронӣ намуда, барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои омилҳои коррупсионӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.
Дар воқеъ танҳо бо муборизаи дастҷамъона, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия метавон шиддати ин зуҳуротро дар мамлакат коҳиш дод.
АКС аз бойгонӣ