Дар Британия қариб 66 ҳазор нафар бар асари тӯфон бе барқ монданд

Декабрь 10, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 66 000 нафар дар Британияи Кабир бар асари оқибатҳои тӯфони «Дара», ки рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷазираҳои Британия ба амал омад, бе барқ монданд. Дар ин хусус рӯзномаи «The Guardian» иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Манбаъ бо истинод ба Ассотсиатсияи шабакаҳои энергетикӣ хабар медиҳад, ки дар баъзе мавридҳо барои пайваст кардани хонаҳо ба шабакаҳои барқ зиёда аз ду рӯз зарур меояд, зеро пайвасткунандагони ноқили барқ ҳанӯз ҳам кор дар минтақаҳои зериобмондаро хеле хатарнок меҳисобанд.

Тӯфон ҳамроҳ бо борони шадид ва шамоли сахт бо суръати то 141 км дар як соат шаби шанбе дар шимолу ғарби Англия, Уэлс ва Ирландияи ҳамсоя ба амал омад. Дар Англия бар асари ба мошинҳо афтодани дарахтон ду нафар ҳалок шуданд. Дар авҷи тӯфон дар Британияи Кабир 259 000 хона ва дар Ирландия тақрибан 400 000 нафар бе барқ монданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 10, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд