Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Дар намоиш маҷмуи корҳои курсӣ, синфӣ ва эҷодии магистрантони ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, манзаранависӣ, санъати ороиши амалӣ ва дизайни дохили бино, дар маҷмуъ 50 кори эҷодӣ ҳамчун маҳсули заҳмати шогирдони бахш ба маърази тамошо гузошта шуд.
Зимни намоиш иброз шуд, ки имрӯз дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи донишкада 51 магистрант ба омӯзиш фаро гирифта шудааст. Дар ин бахш барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва эҷодии магистрантон беҳтарин мутахассисони варзида ва саршиноси соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, аз қабили арбобони ҳунари Тоҷикистон, докторони илм, профессорон, номзадони илм, дотсентон ва муаллимони калон ҷалб гардида, дар тарбия, роҳбаладӣ ва роҳнамоии магистрантон дар самти илму эҷод саҳм мегузоранд.
Дар натиҷаи заҳматҳои софдилона ва содиқонаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада давоми ду соли охир зиёда аз 20 магистрант дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намуда, 10 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд.
Намоиши корҳои эҷодӣ то 15 декабр идома меёбад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






