Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд

Декабрь 2, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар намоиш маҷмуи корҳои курсӣ, синфӣ ва эҷодии магистрантони  ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, манзаранависӣ, санъати ороиши амалӣ ва дизайни дохили бино, дар маҷмуъ 50 кори эҷодӣ ҳамчун маҳсули заҳмати шогирдони бахш ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зимни намоиш иброз шуд, ки имрӯз дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи донишкада 51 магистрант ба омӯзиш фаро гирифта шудааст. Дар ин бахш барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва эҷодии магистрантон беҳтарин мутахассисони варзида ва саршиноси соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, аз қабили арбобони ҳунари Тоҷикистон, докторони илм, профессорон, номзадони илм,  дотсентон ва муаллимони калон  ҷалб гардида, дар тарбия, роҳбаладӣ ва роҳнамоии магистрантон дар самти илму эҷод саҳм мегузоранд.

Дар натиҷаи заҳматҳои софдилона ва содиқонаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада давоми ду соли охир зиёда аз 20 магистрант дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» иштирок намуда, 10 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла  «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд.

Намоиши корҳои эҷодӣ то 15 декабр идома меёбад.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Декабрь 2, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад