Дар Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Арабии Миср Рания ал-Машшат Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Миср баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар форум намояндагони вазорату идораҳои ҳарду давлат, соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Миср иштирок намуданд.
Султон Раҳимзода мақсади баргузории форумро густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина ёфтани роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки форум барои табодули таҷрибаи беҳтарин байни намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти хуб фароҳам меорад.



Иштирокчиён изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср мусоидат менамоянд.
Ба иттилои директори Муассисаи ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон Фирӯзмуҳаммад Саидзода, ин гуна форумҳо минбари хубе барои муколама ва омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси нави ҷойи кор, сохтмони биною иншоот ва инфрасохторе, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ равона шудаанд, ба ҳисоб меравад.
«Бо иштирок дар ин гуна форумҳо соҳибкорони мо ҳамтоёни худро дар ин ё он соҳа пайдо намуда, тавассути муколама ва тавассути таъсиси шабакаҳои муштараки соҳибкорӣ-платформаҳо ва ба миён овардани робитаҳои дӯстӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ метавонанд дар оянда ҳамчун соҳибкорони муваффақ барои рушду такмили соҳа замина гузоранд»,-иброз намуд Фирӯзмуҳаммад Саидзода .
Пас аз қисмати расмии форум вохӯриҳои дуҷониба дар қолаби «давлат бо соҳибкор» (G2В) ва соҳибкорони ду давлат дар қолаби «соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) баргузор гардида, якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид






