Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид

Декабрь 4, 2024 14:25

ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи комиссия вохӯрии дуҷонибаи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Миср гузаронида шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ муносибатҳои ду давлат пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.

Таъкид шуд, ки ҷаласаи комиссия ба иҷрои дастуру супоришҳои мулоқоти роҳбарони ҳарду давлат аз 10 марти соли 2022 ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо назардошти манфиатҳои муштарак равона шудааст.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки нассоҷӣ, фармасевтӣ, пойафзолбарорӣ, масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сафолак, серанит ва гранит бо ҷалби сармояи мустақим, инчунин содагардонии расмиёти савдои тарафайн кор баранд.

Ин иқдом ба афзоиши истеҳсоли молҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва таҳкими ҳамкории саноатӣ дар ҳарду давлат мусоидат менамоянд.

Дар доираи ҷаласаи комиссия  ҳайатҳои Тоҷикистон ва Миср се санади муҳим, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сармоягузорӣ ва савдои Ҷумҳурии Арабии Миср, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ, Протоколи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Мисрро ба имзо расониданд.

Дар натиҷа тарафҳо бо мақсади истифодаи пурраи имконияти мавҷуда барои густариши ҳамкорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмӣ ва фаннӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2024 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд