Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд

Декабрь 25, 2024 11:19

ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюби назди кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иброз шуд, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони маъюб тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон» ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон барои давраи то соли 2024» қабул гардида, дар айни замон амалӣ мегардад.

Иштирокчиёни ҷаласа доир ба тадбирҳое, ки дар доираи «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Ковенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб андешида шудаанд, сухан гуфтанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 25, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ