Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Садо ва Симо» Нуриддин Саид иброз намуд, ки «маҳз рисолат, хираду заковати воло ва ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки ба ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қатъияту ҷасорат иқдом намуданд. Инак, бо гузашти 30 сол ҳизб ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ дар мамлакат тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавӣ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагию бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид».
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли мамлакат буда, аз умқи дилу тафаккури мардум реша мегирад. Он аз рӯзҳои аввали таъсис ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии Ватан зери шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» саъю талош менамояд. Бешубҳа, ин ҳизб дар заминаи идеяҳои созандаю ваҳдатофари миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намуд.
Ҳамчунин дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни “Мақолаи беҳтарин” таҳти унвони «30 сол — барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар озмуни “Мақолаи беҳтарин” ҷойи якум насиби Олиҳа Давлатзода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илм ва табиат”, ҷойи дуюм насиби Маъруф Назарзода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Симо”, Бунафша Юсуфӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳнавоз” ва ҷойи сеюм насиби Исматуллои Ҳабибулло аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон”, Неъматулло Давлатов аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Садо” гардид. Дар фазои танданавӣ ба ғолибон Диплом ва мукофотпулиҳо тақдим шуданд.
Дар фарҷом ба як зумра аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Садо ва Симо»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Садо ва Симо» тақдим гардид.
АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






