Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст

Декабрь 4, 2024 15:02

ДУШАНБЕ, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» оғоз гардид. Дар намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ иштирок дошта, Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар павилион беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзии ватанӣ пешниҳод мегардад.

Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» майдони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар он беш аз 5000 ширкати байналмилалӣ аз давлатҳои гуногун иштирок менамояд.

Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» ду рӯз идома меёбад.

Зимни ҳамоиши байналмилалии тиҷорати электронӣ «WORLDDEF-Dubai 2024» директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо  мебошад. Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бо инобати он ки давоми даҳсолаи охир тиҷорати электронии ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 20 дарсад афзоиш ёфта, тибқи арзёбиҳо ҳаҷми тиҷорати электронӣ соли 2024 ба 6 триллион доллар баробар мегардад, омода аст дар ин самт робитаҳои шарикии нав ба роҳ монад”.


“Тоҷикистон ҳамқадами замон бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ буда, зарурати муҳимияти табдили савдои байналмилалиро дарк менамояд. Он дар бахши миллии технологияҳои иттилоотӣ ислоҳотро фаъолона ҷорӣ намуда, ба рушди тиҷорати электронӣ, бахусус содироти электронӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд»,-афзуд директори Агентӣ .

Дар ин замина дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» қабул гардида, «Барномаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2029» амалӣ мешавад.

Тоҷикистон то имрӯз бо зиёда аз 100 давлати мухталифи ҷаҳон робитаи савдои хориҷӣ дошта, дар баробари ин 500 намуд маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ватаниро ба зиёда аз 50 давлати ҷаҳон содирот  менамояд.

«Барои истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолию содиротӣ тавассути ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолату имтиёзҳои зиёд пешниҳод намуда, бобати фаъолияти онҳо дар мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои сармоягузорон зиёда аз 240 намуд кафолатҳо, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзи андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст», — гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2024 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд