Дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ифтитоҳ ёфт

Декабрь 16, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон аз ҷониби  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғолибҷон Холов»сохта шудааст. Майдони умумии корхона 1,32 гектарро ташкил дода, шумораи коргарон 12 нафар мебошад.

Дар маҷмуъ барои сохтмон 10 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.  Сохтмони корхона моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, он моҳи декабр ба истифода дода шуд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат қадами устувор номид.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойи кори нав, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатпазирии он мусоидат намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 16, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад