Дар Ню-Йорк Брифинги сатҳи баланд вобаста ба барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон доир гардид

Декабрь 12, 2024 16:09

ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар Брифинги сатҳи баланд вобаста ба Шурои минтақавии коршиносони Осиёи Марказӣ оид ба барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид  хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат дар брифинг таъкид намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони худ, асосан занону ноболиғонро аз Сурия ва Ироқ баргардонид. Инчунин ба ҳозирин дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар мавриди кор бо шаҳрвандони аз минтақаҳои низоъ баргардонида, ҳамгироӣ ва ба ҳаёти осоишта ворид сохтани онҳо маълумоти фарогир пешниҳод гардид.

Ҷонибек Ҳикмат изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории  минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва пешбурди ташаббусҳои бунёди сулҳ содиқ мемонад.

Зимни чорабинӣ дар мавриди мушкилот, густариши ҳамкорӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба раванди барқарорсозӣ ва ҳамгироии бозгаштагон табодули афкор карда шуд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид 

Декабрь 12, 2024 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд